President of the Republic of Tajikistan

08/31/2026 | Press release | Distributed by Public on 08/31/2026 10:39

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои кӯчманчиён

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд.

Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31 август то 6 сентябр идома меёбад.

Он ба рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад.

Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин бозӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои СҲШ ва дигар сарони ҳукуматҳо, аз ҷумла бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, дидору суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on August 31, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on August 31, 2026 at 16:39 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]