06/23/2026 | Press release | Distributed by Public on 06/23/2026 07:10
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари садамаи техникӣ дар маҷмааи коркарди газ дар минтақаи саноатии "Рас-Лаффан"-и Давлати Қатар боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо ва мардуми дӯсти Қатар изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд барои пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».