President of the Republic of Tajikistan

12/25/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/25/2025 01:28

Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф, муаррифии лоиҳаҳои бунёди 4 иншооти дигари ин соҳа ва 1 муассисаи варзишӣ

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.

Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти зикргардида дар идомаи ташаббусҳои роҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии заминаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҳисоби Барномаи инкишофи барвақтии кӯдак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 200 кӯдак дар маҳаллаи Хоҷишариф, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 300 кӯдак дар маҳаллаи Маданият ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Маданияти шаҳри Бохтар бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулон ба тарҳи бунёди марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Точикистон, бахусус бобати рушди зинаи томактабии таълим, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Инчунин, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзишӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи маҷмаа бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ анҷом дода шавад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on December 25, 2025, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on December 25, 2025 at 07:28 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]