President of the Republic of Tajikistan

01/29/2026 | Press release | Distributed by Public on 01/29/2026 08:19

Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.

Дар маркази рамз акси "Маҷмааи Истиқлол", ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.

Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.

Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.

Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.

Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.



Рамзи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар формати JPG)

Рамзи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар формати CDR)

President of the Republic of Tajikistan published this content on January 29, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on January 29, 2026 at 14:19 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]