09/07/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/07/2026 06:27
7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони "Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ" баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.
Ҳамоиши илмии "Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ"-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмонон - донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани "Пайванд"-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хайрамақдам гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.
Гуфта шуд, ки иштироки фаъоли меҳмонони гиромӣ дар ҷашни истиқлоли тоҷикон нишонаи равшани арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, таъриху тамаддун ва арзишҳои муштараки маънавии мардумони форсизабон мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо - мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад.
"Ҳанӯз 8 сентябри соли 1993 хотирнишон карда будам, ки ҳадафи асосии анҷумани мо эҷод ва истиқрори муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон аст", -иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабононро дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ шоиста арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд дар омодасозӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии падари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 680-солагии орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, ҳазораи "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ, 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 960-солагии ҳаким Умари Хайём саҳми арзишманд гузоштанд.
Хизмати онҳо дар баргузории ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ҳамоишҳои байналмилалии "Авасто ва тамаддуни ҷаҳонӣ", "Саҳми тоҷикон ва форсизабонон дар тамаддуни ҷаҳон: дирӯз ва имрӯз", 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти "Соли тамаддуни ориёӣ" шоистаи таҳсин аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои анҷуман муроҷиат карда, таъкид доштанд, ки мо бояд на танҳо ворисони ин тамаддуни бузург бошем, балки онро бо шаклу мазмуни нави мутобиқ ба руҳи замони муосир ва бо дастовардҳои нави илмӣ ғанӣ гардонем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамаддуни ориёӣ аслу решаи мост ва ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза ин аслро дар ҷаҳоншиносии зеҳниву миллии худ ҳифз хоҳем кард.
Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва дастрас кардани Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба мардуми Тоҷикистон, инчунин иқдоми дар шаҳри Душанбе бунёд кардани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ба хотири ташаккул ва рушди тамаддуни бостонӣ андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Конуни тамаддуни ориёӣ маркази зиндаи фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ хоҳад буд, ки таърихи мардумони ориёиро чун ойинаи як тамаддуни созанда, эҷодгар ва таъсиргузор ба ҷаҳони бостон муаррифӣ хоҳад кард.
Зикр гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз низ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ниҳоди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки дар он Наврӯз на танҳо ҷашни як рӯзу як фасл, балки чун фалсафаи ҷовидонаи зиндагӣ, сулҳ ва эҳё бо таҷдиди мақоми таърихиву фарҳангии он дар хизмати ҳадафҳои маънавии ҷаҳони муосир гузошта шавад.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин марказ саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангии инсоният, гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳкими мақоми меҳварии кишвар ҳамчун маркази тамаддуни Наврӯз хоҳад буд.
Президенти кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикон бояд дар даҳсолаҳои оянда на танҳо ҳамчун миллати дорои гузаштаи пурифтихор, балки ба сифати ҷомеаи пешоҳангу созанда, бо истеъдоду қобилияти тавлиди дониш, технология, фарҳанги муосир ва дипломатияи таъсиргузор шинохта шаванд.
"Дар ин ҷода Анҷумани Пайванд метавонад ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мубаддал гардад", - изҳор доштанд Сарвари давлат.
Зимни суханронӣ дар анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон андешаронӣ намуданд.
Нашри шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон", "Шоҳнома"-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон дастрас кардани онҳо, инчунин, силсилаи "Ахтарони адаб" иқдомоти ҳукумат дар роҳи мустаҳкам намудани худогоҳии миллӣ, ифтихори таърихӣ ва пайванди мардуми мо бо мероси безаволи ниёгон номида шуд.
Забон бунёди ҳастии маънавии миллат арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу гиромидошт ва дурнамои густариши забонро вазифаи меҳварии фаъолияти Анҷумани "Пайванд" унвон карданд.
"Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем", - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат хизмати мардумони ориёинажодро хотиррасон сохта, аз корномаи Куруши Бузург - бунёдгузори нахустин империя дар таърих ва муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар хамчун намунаи адолатгустарӣ ва таҳаммулгароӣ ёдовар шуданд.
Таъкид шуд, ки рисолати худ мешуморем, то паёми сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва масъулияти муштаракро ба наслҳо ва ҷомеаҳо расонем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар бораи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда", ки чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид, суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бигзор, аз ҷаласаи имрӯза паёми равшан ба ҷаҳон ва ҷомеаи мо садо диҳад: тоҷикон миллати сулҳу сулҳофаранд, миллати тамкину таҳаммуланд, миллати фарҳангӣ ва созандаву бунёдкоранд.
Пешниҳод гардид, ки ҳамоиши имрӯза сароғози барномаи нави рушди Анҷумани "Пайванд" барои солҳои минбаъда эълон карда шавад. Барномае, ки дар он масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шаванд.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда бояд на танҳо кишвари суботу оромӣ ва ободониву бунёдкориҳо, балки маркази андешаҳои созанда, фарҳанги зинда, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии ҳамзабонон гардад.
Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ иштирокдорони ҳамоиш сухан карда, ба нақши анҷуман дар ваҳдати мардумони тоҷику форс ва саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси ин анҷуман дар эҳёи арзишҳои миллӣ, тамаддуни ориёӣ ва муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии ниёгон, баҳои баланд доданд.
Аз ҷумла, Алиризои Қиёматӣ, ки дар миёни тамоми мардумони фарҳангдӯст ҳамчун устоди Донишгоҳи Машҳад ва яке аз донишмандон ва пажуҳишгарони барҷастаи "Шоҳнома" шинохта шудааст ва доктор Муҳиддин Маҳдӣ - собиқ намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пажуҳишгари тавоно дар риштаҳои таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва таърихи сиёсии Афғонистон, дар кори ҳамоиш андешаронӣ намуданд.
Суханварони ҳамоиш пешравиҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои бурдборонаи халқи шарафманду покниҳоди тоҷик бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.