President of the Republic of Tajikistan

04/23/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/23/2026 03:02

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадҳоеро, ки дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Нахуст Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дастур доданд, ки дар шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза таъмини амнияту субот ва ҳушёриву зиракӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, аз ҳарвақта дида бештар такмили омодабошии ҷангӣ, таъмини техникаву лавозимоти муосири табодули иттилоот ва алоқаи ҷузъу томҳо аз вазифаҳои аввалиндарҷаи ҳар як роҳбар бояд бошад.

Бартараф намудани сабабу омилҳои халалдоркунандаи фаъолияти муназзами хизматӣ дар воҳидҳои низомӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи наваскарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши техникаи муосири ҷангӣ ва забонҳои хориҷӣ, тарбия ва машғулиятҳои обутоби бадан, таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо маводу ашёи зарурӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ", "дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷурабек Шариф", "дар бораи бозхонд намудани Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан" ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.

Дар якчанд сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

"Фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд. Кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарфа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд," -таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суҳбат ба кадрҳо доир ба софдилонаю содиқона ва бо виҷдони пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифа манфиатҳои давлат бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on April 23, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on April 23, 2026 at 09:02 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]