President of the Republic of Tajikistan

09/16/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/15/2026 22:13

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор доштанд, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем.

Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея"-ро муҳим номиданд.

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Бо мақсади тавсеаи робитаҳо, ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шуд.

Гуфтугуйи судманд атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон сурат гирифт.

Ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва атрофи мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 16, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 16, 2026 at 04:13 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]