03/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 09:04
26 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дод.
Баъди кушода шудани бинои нави сафорат Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барпо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе 19 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз тарафи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ ёфта буд.