04/24/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/24/2026 07:37
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Нуралӣ Миралии ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳия ба таври муосир ва бо сифати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он 200 кас бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тибқи лоиҳа, бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он марказҳои фуруши маҳсулоти ниёзи мардум, сарулибоси гуногун, тарабхона, қаҳвахона, кинотеатр, марказҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ бунёд мешавад ва барои сокинону меҳмонон шароити хуби корӣ ва хизматрасонӣ фароҳам мегардад.
Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ аз ҷониби ширкати ватании Баракат бо арзиши зиёда аз 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар корҳои сохтмонии он 100 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи Маркази савдо ва хизматрасонӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ширкати ватаниро барои саҳм гузоштан дар ободонии ин гӯшаи диёр муҳим номиданд.
Ширкати ватанӣ барои мутобиқсозии иншоот ба талаботи байналмилалӣ корҳои лоиҳакаширо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки бо назардошти рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва афзоиши шумораи аҳолӣ, бунёди чунин иншооти замонавӣ дар маркази ноҳия муҳим мебошад. Зеро, роҳандозии ин тадбир имкон фароҳам месозад, ки мардум аз хизматрасониҳои муосир ба таври васеъ истифода намоянд.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тезонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар, ки ҳоло ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия идома дорад, дода шуд.