09/27/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/27/2026 03:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетикаро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд шуда буданд, мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 110/35 киловолтаи Қозидеҳро, ки дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи Барқикунонии вилояти Бадахшон бунёд гардида, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 3 мегаватт соат неруи барқ ифтитоҳ намуданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки неругоҳи офтобии деҳаи Рож дар вилоят яке аз неругоҳҳои калони истеҳсолкунандаи неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда ба шумор меравад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз офтоб дар неругоҳи мазкур 4 ҳазору 752 панел истифода гардидааст.
Ҳамчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 112 киловатт, ки дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Неругоҳи офтобӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии деҳаи Вранҷан бо неруи барқ бунёд гардидааст. Бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти энергетикӣ дар минтақаҳои куҳистон, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат мекунад.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, неругоҳи хурди обиро бо иқтидори 25 киловатт ба истифода доданд.
Ба истифода додани неругоҳи хурди обӣ барои сокинони деҳаи Биҷрав руйдоди муҳим буда, имконияти дастрасӣ ба неруи барқи доимиро барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳа фароҳам меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон неругоҳи обиро бо иқтидори 15 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни ифтитоҳи иншоот гуфта шуд, ки чунин иншооти энергетикӣ дар самти беҳдошти шароити зиндагии сокинон ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тохтамиши деҳоти Қизилработи ноҳияи Мурғоб ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
Неругоҳҳои таҷрибавии бодӣ дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бунёд гардидаанд.
Дар баробари неругоҳҳои бодӣ, дар ҳамин мавзеъ дар майдони беш аз як гектар панелҳои офтобӣ низ насб гардидаанд. Иқтидори умумии онҳо 1138 киловаттро ташкил дода, иқтидори захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат мерасад. Ин маҷмуаи энергетикӣ имкон медиҳад, ки 145 хоҷагӣ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин карда шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи 110 Квт дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.
Хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр кашида шудааст. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави интиқоли барқ дар рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи ноҳияи Рушон басо муҳим буда, ба баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ мусоидат менамояд.