President of the Republic of Tajikistan

12/19/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/19/2025 04:51

Мулоқот бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд.

Саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, таҳкими иқтидорҳои энергетикӣ ва омодасозии кадрҳо баланд арзёбӣ карда шуд.

Дар мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

President of the Republic of Tajikistan published this content on December 19, 2025, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on December 19, 2025 at 10:51 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]