12/17/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/17/2025 05:59
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, таъмини волоияти қонун ва некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.