05/23/2026 | Press release | Distributed by Public on 05/22/2026 22:58
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, ба аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31 август - 1 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.