03/21/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/21/2026 08:05
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият буда, рамзи бедоршавии табиат, саршавии соли нав ва зиндагии нав, покиву болидагии рӯҳу андеша ва таҳкиму густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.
Ин ҷашн аз ҷумлаи ойинҳои бисёр деринае мебошад, ки дар он фалсафаи зиндагӣ, мактаби худшиносӣ ва таърихи фарҳангу тамаддуни ниёгони ориёии мо инъикос ёфтааст.
Наврӯз дар саргаҳи ойинҳои миллии мо - Сада, Тиргон ва Меҳргон ҷой дошта, дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз шебу фарозҳои зиёд убур кардааст.
Замоне доираи таҷлили ин ҷашни зебои бостонӣ маҳдуд гардид ва замоне гӯё фаромӯш шуд, вале ҳаргиз аз қалбу хотири мардум нарафт, чунки реша дар генофонди миллӣ ва ҳастии мардуми фарҳангиву соҳибтамаддуни мо дорад.
Гузаштагони некноми мо ин мероси муқаддасро чун сарвати бебаҳои миллии худ ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузоштаанд ва имрӯз он ба яке аз пояҳои бунёдӣ ва рукни ҷудоинопазири ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии тоҷикон табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, Наврӯз ва арзишҳои инсонии он бо мурури замон ба қаламравҳои дигар нуфуз пайдо карда, ҳоло ба мероси умумибашарӣ мубаддал гардидааст.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза Наврӯз пули дӯстӣ миёни халқҳо, омили сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва намунаи ҳамзистии тамаддунҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намудааст.
Ҳикмати дар тӯли ҳазорсолаҳо пойдору устувор мондани Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест.
Асоси онро қонуни табиат - аз сардӣ ба гармӣ баромадан, баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ ва оғози гардиши нави зиндагӣ ташкил медиҳад, яъне Наврӯз сирф ҷашни табиат ва инсон аст.
Ҳамчунин, Наврӯз моро ба некиву накӯкорӣ даъват мекунад.
«Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» - чунин аст фалсафаи аслии Наврӯз, ки ойину боварҳои осмонии инсонҳо баъдан аз он сарчашма гирифтаанд.
Беҳуда нест, ки таҳкими ваҳдату дӯстӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва кумак ба ниёзмандон, аёдати беморон ва дастгирии ятимону маъюбон аз ҷумлаи беҳтарин суннатҳои инсондӯстонаи наврӯзӣ мебошанд.
Хусусан, дар шароите, ки ҷаҳони имрӯз ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ нисбат ба ҳар замони дигар ниёзи бештар пайдо кардааст, ин арзишҳои неку башардӯстонаи наврӯзӣ метавонанд ба инсоният хизмати арзишманд анҷом диҳанд.
Маҳз бо дарназардошти ҷойгоҳу аҳаммияти ин ойини дерина, мо тасмим гирифтем, ки дар пойтахти кишвари маҳбубамон - шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯзро бунёд намоем.
Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи фарҳанги миллат мебошад, зеро танҳо ҳамон миллате фардои ободу осудаи худро таъмин карда метавонад, ки ойину арзишҳои фарҳангиву тамаддунии хешро ҳифз мекунад ва онҳоро таҳким мебахшад.
Боиси хушнудист, ки 10-уми декабри соли 2025 зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз - номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид.
Хотирнишон месозам, ки як қатор ойину суннатҳои дигари наврӯзӣ, аз қабили «Сездаҳбадари Наврӯз», «Дастархони наврӯзӣ - ҳафтсину ҳафтшин», «Базми ҷамшедӣ», бозиҳои варзишии хоси наврӯзӣ ва монанди инҳо низ ҳамчун мероси тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла миллати тоҷик арзиши ҷаҳонӣ доранд.
Ба ин хотир, вазифаи мост, ки ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем, арзишҳояшро омӯзем, густариш диҳем ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузорем.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи Наврӯз - ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад.
Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси баланди миллӣ, иродаи мустаҳкам, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва давлат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо - калонсолон ба ҳисоб меравад.
Ҷавонони мо бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худро омӯзанд, онҳоро густариш диҳанд, ҳамеша дар фикри азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, соҳибӣ кардану обод намудани Ватан, пешрафти давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Азбаски мо имсол ҷашни фархундаи Наврӯзро дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддас ва бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоем, бояд дучанд кор кунем, заҳмат кашем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем.
Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Дар ин муддат мо - тоҷикон худро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангӣ, соҳибкитобу соҳибдевон ва давлатдору ободгар дигарбора эҳё кардем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем.
Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозем, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегардем ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳем.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахт, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Бигзор, ҳар хонадон ин ҷашни мубораку муқаддасро дар фазои сулҳу суботи комил, бо шодиву хушҳолӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо амалҳои неку созанда истиқбол намояд!
Бигзор, Наврӯз ба қалбҳои мо нур, ба зиндагии мо файзу баракат ва ба кишвари азизамон сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ оварад!
Орзу дорам, ки саломатӣ, иқболи нек ва хушбахтии ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон армуғони Наврӯзи имсола гардад!
Наврӯз муборак бошад, ҳамватанони азиз!