President of the Republic of Tajikistan

01/28/2026 | Press release | Distributed by Public on 01/28/2026 00:13

Машварати корӣ

28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Палумони кишвар ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус навъҳои синтетикӣ ва психотропии он, зоҳир гардид.

Супоришҳо, ҳамчунин, доир ба кор бо мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи интизому оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои касбӣ дода шуд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on January 28, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on January 28, 2026 at 06:13 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]