President of the Republic of Tajikistan

07/29/2026 | Press release | Distributed by Public on 07/29/2026 07:30

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда-2026”

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда-2026" иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои оянда рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Ин формати инноватсионӣ рӯҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.

Мавриди зикр аст, ки чунин ташаббусҳо на танҳо ба рушди технологӣ нигаронида шудааст, балки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон мусоидат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии бозиҳои оянда намояндагони пешбари ҷомеаи инноватсионии варзиширо дар бар мегирад ва меъёрҳои навро барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳо муқаррар хоҳад кард.

President of the Republic of Tajikistan published this content on July 29, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on July 29, 2026 at 13:31 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]