09/12/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/11/2026 23:14
Пас аз анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро фаъолон ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти баланд гусел намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ аз нақши соҳибкорон дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳмгузории онҳо дар корҳои ободонӣ ва таъсиси иншооти истеҳсолию хизматрасонӣ ёдовар шуда, пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳшавии зиндагии мардумро самараи Истиқлоли давлатӣ ва оромии Ватан арзёбӣ карданд.
Намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарияти ноҳия барои истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони баландихтисос, афзалият додан ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон, афзалият додан ба таҷрибаи муосири парвариши зироату ҷамъоварии ҳосил, истифодаи имкониятҳои фаровони табиӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод 69 иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди истифода қарор дода, бо мардум мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи сатҳи баланди фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок доштанд.