09/03/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/02/2026 23:52
3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва қарзи пуршараф ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат гирифта истодаанд, аз афсарону сарбозон зиракии касбӣ ва хизмати содиқона талаб карда шуд.
Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин вазъият аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ на танҳо сатҳи баланди касбият ва омодабошии доимӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои муосирро талаб менамояд.
Зикр карда шуд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ва қарзи ҷавонмардии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки иҷрои содиқонаи вазифаи хизматӣ на танҳо масъулияти касбӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат мебошад.
Зарур шумурда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои навин, таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат бояд самти асосии фаъолияти ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва руҳияи устувор иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ" хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, тахассусии навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ" ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд.
Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.
Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар талош меварзанд.