President of the Republic of Tajikistan

05/04/2026 | Press release | Distributed by Public on 05/03/2026 23:19

Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ гардид

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд.

Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда, давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» 2026 навишта шудааст.

Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.

Рамзи "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" (дар формати JPG)

Рамзи "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" (дар формати CDR)

President of the Republic of Tajikistan published this content on May 04, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on May 04, 2026 at 05:19 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]