President of the Republic of Tajikistan

09/07/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/07/2026 06:27

Суханронӣ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»

Меҳмонони арҷманди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд»!

Муҳтарам аҳли зиёи мамлакат ва ҳозирини гиромӣ!

Сию панҷ сол пеш мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддаси таърихӣ - истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд.

Дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар кишвари мо, дар радифи дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ, ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, мондагории онҳо ва таҳкими робита бо тоҷикону форсизабонони дунё Анҷумани «Пайванд» таъсис дода шуд.

Анҷумани байналмилалии «Пайванд» падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.

Бо камоли сарфарозӣ мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳамоиши илмии имрӯзаи мо таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ» ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин муносибат, ҳамаи шумо, меҳмонони арҷмандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон - хайрамақдам мегӯям.

Ҳамчунин, ҷашни 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба ҳар яки шумо самимона табрик гуфта, бароятон саломативу комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Иштироки фаъоли шумо - меҳмонони гиромӣ - дар ҷашни истиқлоли тоҷикон нишонаи равшани арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, таъриху тамаддун ва арзишҳои муштараки маънавии мардумони форсизабон мебошад.

Дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо - мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад.

Дар чунин шароит Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» дар ҷодаи сомон додани рисолати таърихӣ - ҳифзи арзишҳои тамаддуни ориёӣ - неруи муттаҳидсози маънавию фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Ҳанӯз 8-уми сентябри соли 1993 хотирнишон карда будам, ки ҳадафи асосии анҷумани мо эҷод ва истиқрори муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон аст.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки то имрӯз дар ин самт ташаббусҳои зиёд рӯйи кор омадаанд.

Шумо - тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонон, ки сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳастед, дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузоред.

Маҳз тавассути талошҳои пайгиронаи шумо садои Тоҷикистон бо садои ҳамватанони бурунмарзӣ, яъне тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ҳамнаво мегардад.

Дар ҳар куҷо, ки забони тоҷикии форсӣ садо медиҳад, дар ҳар куҷо, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, Айнӣ ва Турсунзода вирди забонҳост, он ҷо рӯҳи бузургони мо зинда ва қаламрави форсизабонон поянда аст.

Мехоҳам таъкид созам, ки мо дар остонаи ҷашни муқаддаси истиқлол ба марҳалаи нави фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» оғоз мебахшем.

Марҳалае, ки аз ҳамаи мо - давлат, аҳли зиёи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикону форсизабонон ибтикороти судманду муназзам ва талошҳои мунтазамро тақозо менамояд.

Ин ҳамоиш бояд оғози ташаббусҳои фарогир дар самти тақвияти бештари фаъолият, роҳандозии ҳамкориҳои пайваста ва нисбат ба давраҳои қаблӣ самарабахш гардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили зикр аст, ки баргузории ҳамоишҳои илмӣ яке аз самтҳои умдаи фаъолияти Анҷумани «Пайванд» ба шумор меравад.

Аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани «Пайванд» дар омодасозӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии падари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 680-солагии орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 960-солагии ҳаким Умари Хайём саҳми арзишманд гузоштанд.

Саҳми онҳо дар баргузории ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ҳамоишҳои байналмилалии «Авасто ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Саҳми тоҷикон ва форсизабонон дар тамаддуни ҷаҳон: дирӯз ва имрӯз», 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти «Соли тамаддуни ориёӣ» низ қобили ёдоварӣ ва таҳсин аст.

Дӯстони арҷманд!

Дар асри рақобатҳои шадиди ҷаҳонӣ тақдири миллатҳо, пеш аз ҳама, ба неруи ақлу хирад, сатҳи дониш, сифати илму маориф ва қобилияти навоварии онҳо вобаставу пайваста мебошад.

Тоҷикон ҳамчун меросбарони асили тамаддуни ориёӣ дар шебу фарозҳои таърихи тӯлонии худ ҳамеша ҷӯёи илму маърифат ва офарандаву посдорандаи ин сарвати бузурги маънавӣ буданд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки таърихи тамаддуни ориёӣ ойинаи тамомнамои худшиносии миллӣ ва мактаби бузурги инсондӯстиву инсонпарварист, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо неруи ақлу хирад, адолату фарҳанг ва эҷодкориву навоварии фарзандони донишманду ҷаҳоншумули худ ҳаёти ҷовидон ёфтааст.

Ин тамаддун дар раванди рушду нумуи худ марҳалаҳои дурахшони таърихиро аз тариқи ҳифзи арзишҳои мондагори гузаштагон тай намуда, на танҳо ҳикмати меросӣ ва ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонидааст, балки ба дигар тамаддунҳо низ таъсири чашмрас расонидааст.

Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки рақобату бархӯрди арзишҳо ва тамаддунҳо бо шиддат меафзояд, ҳифз ва тарғиби ин мероси гаронбаҳо аҳаммияти махсус касб менамояд.

Мо бояд на танҳо ворисони ин тамаддуни бузург бошем, балки онро бо шаклу мазмуни нави мутобиқ ба руҳи замони муосир ва бо дастовардҳои нави илмӣ ғанӣ гардонем.

Тамаддун танҳо хотираву ёдгории гузашта нест, балки неруи ҳаракаткунанда ва зиндаест, ки ояндаро месозад.

Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, рушди илму маърифат, тарбияи наслҳои худогоҳу ватандӯст ва муаррифии шоистаи ин мероси бебаҳо дар арсаи байналмилалӣ қарзи мо дар назди тамаддуни аҷдодист.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пайванди гузаштаро бо имрӯз ва фардои дурахшони миллати худ устувор гардонем.

Тамаддуни ориёӣ аслу решаи мост ва ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза ин аслро дар ҷаҳоншиносии зеҳниву миллии худ ҳифз хоҳем кард.

Маҳз ҳамин асл ва мероси таърихӣ буд, ки баъдан дар сатр - сатри осори бузургон, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ бозтоби шоиста ёфтааст ва то имрӯз ҳамчун кохи бегазанди ифтихори миллӣ боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки дар шароити ҳассосу ноороми ҷаҳони муосир ин арзишҳо метавонанд барои муколамаи фарҳангҳо, пешгирӣ аз ихтилофу низоъҳо ва рушди ҷомеаи башарӣ василаи неруманд бошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳифзу посдории ин арзишҳо на танҳо вазифаи муқаддаси як миллат, балки тамоми башарият аст.

Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Роҳбари давлат дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» ба нақша гирифта шавад.

Бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ», бо дарназардошти аҳаммияти ҳифз ва омӯзиши мероси таърихиву фарҳангии халқҳои ориёӣ, инчунин, нақши калидии тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддунҳои бостонии Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст.

Конуни тамаддуни ориёӣ маркази зиндаи фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ хоҳад буд, ки таърихи мардумони ориёиро чун ойинаи як тамаддуни созанда, эҷодгар ва таъсиргузор ба ҷаҳони бостон муаррифӣ хоҳад кард.

Илова ба бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ, ҳамчунин ба масъулони маорифи кишвар супориш додем, ки барои такмили омӯзиши алифбои ниёгон чораҳои зарурӣ андешида, таълими онро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар ба роҳ монанд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки андешаву мероси гаронбаҳо ва арзишманди ниёгонамон маҳз бо ҳамин хат иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардидааст.

Маркази байналмилалии Наврӯз низ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ниҳоди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки дар он Наврӯз на ҳамчун ҷашни як рӯзу як фасл, балки чун фалсафаи ҷовидонаи зиндагӣ, сулҳ ва эҳё бо таҷдиди мақоми таърихиву фарҳангии он дар хизмати ҳадафҳои маънавии ҷаҳони муосир гузошта шавад.

Ин марказ саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангии инсоният, гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳкими мақоми меҳварии кишвар ҳамчун маркази тамаддуни Наврӯз хоҳад буд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳар гоҳе, ки мо аз истиқлоли давлатӣ сухан мегӯем, бояд бо эҳсоси масъулият айёмеро низ ба ёд оварем, ки миллати тоҷик рӯзҳои сахту сангини таърихро аз сар гузаронид.

Маҳз дар гирдоби ҳамин душвориҳо иродаи миллат пухта шуд ва арзиши давлат, сулҳ ва ваҳдату ҳамбастагии миллӣ бо тамоми вуҷудамон эҳсос гардид.

Мо набояд фаромӯш созем, ки маҳз дар солҳои нахустини истиқлол масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ, ном, рамзҳои давлатӣ, мероси маънавӣ ва сарҷамъиву пайванди ҳамватанон ба мавзуъҳои марказии худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.

Миллати тоҷик дарк намуд, ки барои ҳифзи давлати ҷавон танҳо неруи идорӣ кофӣ нест, балки зарур аст, ки афроди ҷомеа худро ба як сарнавишт мансуб донанд, ба як хотира такя кунанд ва ба як ояндаи муштарак эътиқоду бовар дошта бошанд.

Имрӯз, вақте ки мо дар остонаи 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорем, он солҳоро на барои нохун задан ба захмҳои куҳан, балки барои истеҳкоми асосҳои шуури таърихии ҷомеа ёд мекунем.

Зеро миллате, ки гузаштаи хешро огоҳона ва ба дурустӣ намешиносад, қадру қимати суботу оромӣ ва амнияти имрӯзи худро низ дарк нахоҳад кард.

Ҷомеае, ки аслу моҳияти давлат ва истиқлолу озодиро дарк накардааст, наметавонад барои фардои худ масъул бошад.

Ҷашни 35-солагӣ барои мо танҳо рӯзи хотира нест, он, воқеан, саҳифаи тозаи таърихи миллати тоҷик ва марҳалаи нави рушди давлати тоҷикон мебошад.

Тоҷикон бояд дар даҳсолаҳои оянда на танҳо ҳамчун миллати дорои гузаштаи пурифтихор, балки ба сифати ҷомеаи пешоҳангу созанда, бо истеъдоду қобилияти тавлиди дониш, технология, фарҳанги муосир ва дипломатияи муассир шинохта шаванд.

Дар ин ҷода Анҷумани «Пайванд» метавонад ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мубаддал гардад.

Аз ин ҷост, ки мо ҷаласаи имрӯзаро ҳамчун як рӯйдоди хеле муҳим ва марҳалаи нави талошу масъулият арзёбӣ мекунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Махсус таъкид менамоям, ки дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ мо барои эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон силсилаи иқдомоти муассирро амалӣ намудем.

Дар ин давра давлат ва ҷомеа барои эҳёи суннатҳое тасмим гирифтанд, ки дар тӯли даҳсолаҳо ниёз ба ҳифзу пуштибонӣ доштанд.

Мо Наврӯзро ба сифати ҷашни бузурги таърихиву миллӣ ва байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати нав эҳё кардем ва густариш бахшидем.

Суннатҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргонро дар фазои зиндагии маънавии ҷомеа умри дубора бахшидем.

Расму ойинҳои мардумиро аз нав ба саҳнаи ҳаёти фарҳангӣ бароварда, ҷиҳати пайванд додани наслҳо бо решаҳои тамаддуни худ шароити муносиб фароҳам овардем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҷлили ҷашнвораҳои бузурги милливу фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои оламшумули илму адаби тоҷику форсро ба як самти муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил додем.

Мо бо ин ибтикороти худ ба ҷомеа ва ҷаҳониён паём додем, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ соҳиби таърихи қадим, тафаккури созанда, анъанаҳои пурғановати илмиву фарҳангӣ ва адабиву мардумӣ мебошанд.

Мо исбот намудем, ки миллати тоҷик ҳамчун рукни фаъол ва ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ба захираи маънавии башарият ганҷинаи пурқимати илму маърифатро ҳадя намудааст ва минбаъд низ чунин рисолати инсондӯстонаро пайгирӣ хоҳад кард.

Ҳозирини муҳтарам!

Эҳёи таърихи миллат ва бозшинохти мероси маънавӣ дастоварди арзишманд ва шаҳсутуни ҳувиятсози даврони истиқлол аст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар осори гаронбаҳои таърихиву адабӣ бо теъдоди зиёд чоп ва дар ихтиёри мардум гузошта шуд.

Аз ҷумла нашри шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон дастрас кардани онҳо, инчунин, силсилаи «Ахтарони адаб» иқдомест, ки роҳро барои мустаҳкам намудани худогоҳии миллӣ, ифтихори таърихӣ ва пайванди мардуми мо бо мероси безаволи ниёгон ҳамвор хоҳад кард.

Осори ҷовидонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Турсунзода ва дигар бузургони илму адабу маърифат барои ҷомеаи мо на танҳо мероси илмиву бадеӣ, балки мактаби маънавият, инсонгароӣ, ватандӯстӣ ва тафаккури созанда мебошанд.

Мо ин ганҷинаи бузургро ба ҳайси сарчашмаи муътабар барои тарбияи наслҳо, таҳкими ваҳдати миллӣ ва робитаҳои маънавӣ бо тоҷикону форсизабонони ҷаҳон дар хизмати ҷомеа қарор додем.

Ҳамзамон бо ин, чанде қабл Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро таъсис додем, ки он дорои хазинаи махсус мебошад.

Итминон дорем, ки ин ибтикори мо ҳамчун василаи боэътимоди дипломатияи илмӣ бори дигар Тоҷикистонро ба маркази гуфтугӯйи байналмилалӣ дар бораи мероси илмии башарият табдил хоҳад дод.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мехоҳам масъалаи забонро, ки бунёди ҳастии маънавии миллат мебошад, махсус таъкид намоям.

Забони тоҷикӣ барои мо рукни бунёдиву пояндаи давлатдорӣ, хазинаи тафаккури миллӣ, ойинаи фарҳанг ва пули устувору побарҷои пайванди наслҳо ва ҳамзабонон дар саросари ҷаҳон мебошад.

Забони тоҷикӣ бо тамоми ғановати таърихӣ ва адабии худ моро ба гузаштаи чандинҳазорсола ва қаламрави пурвусъати маънавиёти форсизабонон мепайвандад.

Ҳар саҳифаи адабиёти мо, ҳар зарбулмасалу мақоли халқӣ, ҳар шеъри ноби классикӣ ва ҳар истилоҳи илмии суннатии мо далели барҷастаи он аст, ки тоҷикон дар бунёди асосҳои илму тамаддуни ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанд.

Аз ҳамин лиҳоз, масъалаи ҳифзу гиромидошт ва дурнамои густариши забон бояд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ ва фаъолияти Анҷумани «Пайванд» қарор дошта бошад.

Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем.

Дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо бо ҳамин забон бояд андеша ронанд, таҳлил намоянд, ихтироъ кунанд, барнома нависанд ва дари гуфтугӯро бо ҷаҳон боз кунанд.

Ҳамчунин, тоҷикон дар ҳар гӯшаи дунё, ки умр ба сар мебаранд, бояд барои арҷгузорӣ ба забони модарии худ ва вусъати истифодаи он талош намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Худшиносии миллӣ бидуни хотираи таърихӣ ва дарки ҷойгоҳи ниёгон дар тамаддуни башарӣ неруманду устувор нахоҳад шуд.

Ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба он барои мо ҳам масъалаи ифтихор, ҳам масъулият ва ҳам номуси миллист.

Зарур аст, ки мо донишҳои таърихии насли ҷавон, махсусан ҷавонони бурунмарзиро дар самти дарки сарнавишт ва ҳақиқати корномаҳои пешгузаштагони худ беш аз пеш густариш ва тавсеа бахшем.

Онҳо бояд донанд, ки тоҷикият, яъне тоҷик будан маънои мансубият ба як тамаддуни бузург, ба як мероси ҷаҳонсози маънавӣ, ба як маънавияти зебои фарҳангӣ ва як таҷрибаи ибратомӯзи давлатдориро дорад.

Агар ҷавонони мо ин маъноро амиқан дарк кунанд, онҳо дар ҳама ҷо ва ҳамеша бо сари баланд, эътимод ва эҳсоси масъулияти ватандорӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Мо, ҳамчунин, бояд ба таҳқиқ, нашр ва тарғибу тарҷумаи мероси илмиву фарҳангии гузашта такони ҷиддӣ бахшем.

Дастнависҳо, ёдгориҳои хаттӣ, мероси шифоҳӣ, осори мутафаккирон ва таҷрибаи ҳамзистии фарҳангӣ бояд ба барномаи кори доимии ниҳодҳои марбута ворид карда шаванд.

Зимнан, мехоҳам боз як хизмати мардумони ориёинажодро хотиррасон созам: корномаи Куруши Кабир ё Куруши Бузург - бунёдгузори нахустин империя дар таърих ва аввалин эъломияи ҳуқуқи башар хамчун намунаи адолатгустарӣ ва таҳаммулгароӣ мояи ифтихори ҳар яке аз мову шумо мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Дар асри XXI ҷойгоҳи миллат на танҳо бо захираҳои табиӣ, қудрати ҳарбӣ ва ҳатто мавқеи ҷуғрофӣ, балки пеш аз ҳама, бо иқтидори зеҳнии он муайян карда мешавад.

Илму маориф ва навовариву ихтироъкорӣ имрӯз омили асосии рақобатнокӣ, истиқлоли илмӣ ва рушди дарозмуддат мебошад.

Миллати тоҷик, ки аз гузаштаи худ бо номи донишмандони бузург ва мактабҳои машҳури илмӣ ифтихор мекунад, ҳуқуқи маънавӣ дорад ва вазифадор аст, ки дар шароити муосир низ мавқеи худро бо тавлиди дониш ва тарбияи кадрҳои донишманд устувор созад.

Анҷумани «Пайванд» дар ин ҷода метавонад ба яке аз василаҳои муассири муттаҳидсозии неруҳои илмии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёбад.

Мо бояд шабакаи муосири ҳамкориҳои илмиро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмиву таҳқиқотӣ, олимони бурунмарзӣ ва насли ҷавони муҳаққиқон таъсис диҳем.

Ин ҳамкорӣ набояд танҳо бо суханрониҳо дар ҳамоишҳо маҳдуд шавад, он бояд ба як низоми пойдори табодули илмӣ ва донишу таҷриба табдил ёбад.

Зарур аст, ки барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, дарсҳои маҷозӣ, роҳнамоии илмии ҷавонон, лоиҳаҳои муштараки озмоишгоҳӣ, тарҷума ва нашри асарҳои илмӣ, инчунин, табодули таҷриба дар соҳаҳои афзалиятнок - аз технологияҳои рақамӣ то тиб ва аз энергетика то забоншиносӣ - ба вуҷуд оварда шаванд.

Ҷавонони мо бояд ба фазое дастрасӣ дошта бошанд, ки дар он қобилияти касби малака, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва кор бо донишҳои нав аҳаммият ва талаботи дучанд дорад.

Мутмаинам, ки дар ин ҷода фарзандони болаёқату соҳибистеъдоди мо дар дохил ва хориҷи кишвар қодиранд сарҷамъона ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамкорӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҷаҳони муосир, бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои худ, ба марҳалаи пуртазоди амниятӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ ворид шудааст.

Дар чунин шароит рисолати мо, қабл аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки паёми сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва масъулияти муштаракро ба наслҳо ва ҷомеаҳо расонем.

Имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст: низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, экстремизм, радикализм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он аз ҷумлаи чунин таҳдидҳо мебошанд.

Дар чунин вазъияти пурхушунат масъалаи таъмини сулҳ ва амният танҳо масъулияти давлатҳо нест, балки ҷомеаҳо, созмонҳои мардумӣ, фарҳангӣ ва зиёиён низ дар ин самт масъулият доранд.

Миллати тоҷик, ки қимати сулҳу ваҳдатро бо таҷрибаи талхи худ дарк кардааст, метавонад дар ин ҷода паёми умедбахшу пурмазмун ба ҷаҳониён дошта бошад.

Тасдиқи ин гуфтаҳоро дар Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид, дармеёбем.

Анҷумани «Пайванд» низ бояд бо забон, фарҳанг ва барномаи худ дар интишори паёми сулҳи ҷаҳонӣ пешсаф бошад.

Сулҳ, дар қадами аввал, аз андешаи неку созанда, сабру таҳаммул ва фарҳанги муколама оғоз мешавад.

Вақте мо ҳамдигарро мешунавем, вақте ба ақидаҳои мухталиф бо таҳаммул менигарем, вақте барои баҳс мавқеъ ва маданияти муносиби ахлоқӣ дорем ва вақте ҳадафи умумро аз эҳсоси гурӯҳӣ боло мегузорем, заминаи устувори сулҳофаринӣ муҳайё мегардад.

Таърих борҳо собит намудааст, ки миллати тоҷик ҳатто дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз аз роҳи масъулияти сулҳофарӣ ва таҳаммулгароӣ кор гирифта, ба арзишҳои умумиинсонӣ бо андешаи созандаву биниши некбинона эҳтиром гузоштааст.

Бигзор, аз ҷаласаи имрӯза паёми равшан ба ҷаҳон ва ҷомеаи мо садо диҳад: тоҷикон миллати сулҳу сулҳофаранд, миллати тамкину таҳаммуланд, миллати фарҳангӣ ва созандаву бунёдкоранд.

Мо мехоҳем сулҳро бо андешаву гуфтору рафтор, бо ҳамкорӣ ва бо тарбияи насли нави худогоҳу худшинос ҳифз кунем.

Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ на танҳо ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ, балки ҳамчун давлати пешкору ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.

Муаррифии чунин ибтикороти пайгиронаи Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳамватанони бурунмарзӣ ва дар фазои мардумони форсизабон аз аҳаммияти хос бархурдор аст.

Анҷумани «Пайванд» метавонад дар ин самт низ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамватанону ҳамзабонони мо, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ доранд, метавонанд дар муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, баргузории ҳамоишҳои фарҳангиву иттилоотӣ, нашри асару мақолаҳо, эҷоди барномаҳои таълимӣ ва ташкили ҳамкориҳои судманди мутахассисон талоши бештар дошта бошанд.

Бовар дорам, ки муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ба фаъолияти созмони «Пайванд» мазмуну муҳтавои нав мебахшад.

Вақте Анҷумани «Пайванд» на танҳо ба гузашта, балки ба мушкилоту масъалаҳои зиндагии имрӯзаи инсоният рӯ меоварад, бар замми ниҳоди масъули бузургдошту хотирот будани худ рисолати созмони бомасъулиятро дар баробари аҳли башар ба сомон мерасонад.

Ин рисолат талаби замон ва тақозои асри нав мебошад.

Миллате, ки мехоҳад ҷаҳон ӯро шунавад, бояд на танҳо аз худ ва таъриху фарҳанги хеш, балки аз саҳми намоёнаш барои ҳифзи инсон ва сайёра сухан гӯяд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки дар доираи барномарезии фаъолияти минбаъдаи Анҷумани «Пайванд» масъалаҳои сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор пайваста бо ҳифзи сарватҳои таърихиву маънавӣ ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки фаъолияти Анҷумани «Пайванд» бояд аз доираи ҳамоишҳои рамзӣ фаротар рафта, ба низоми доимии амал, ташаббус ва ҳамоҳангсозии муҷаҳҳаз бо имкониятҳои муосири иттилоотиву техникӣ табдил ёбад.

Вақти он расидааст, ки анҷуман фаъолияти худро ба сифати як минбари амал, як шабакаи созандаи ҷаҳонӣ ва як мактаби ташаккулдиҳандаи ғояву андешаҳои нави маънавию фарҳангӣ роҳандозӣ намояд.

Ҷаласаи имрӯза бояд маҷмуи ташаббусҳои амалии муназзамро бо барномаҳои гуногунсамти ба ҳам алоқаманд оғоз бахшад.

Ба таври муназзам доир намудани ҳамоишҳои анҷуман бо баррасиву ҷамъбасти лоиҳаву барномаҳои амал ва такмили фаъолияти ояндаи он яке аз омилҳои муассири расидан ба ин ҳадаф мебошад.

Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки ҳамоиши имрӯза сароғози барномаи нави рушди Анҷумани «Пайванд» барои солҳои минбаъда эълон карда шавад.

Барномае, ки дар он масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шаванд.

Агар мо имрӯз аз таърих, истиқлол, ваҳдат, забон, фарҳанг ва рисолати Анҷумани «Пайванд» сухан гуфтем, ҳамаи ин дар ниҳоят ба як саволи асосӣ меоварад: фардои мо чӣ гуна бояд бошад?

Мо бар ин боварем, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда бояд на танҳо кишвари суботу оромӣ ва ободониву бунёдкориҳо, балки маркази андешаҳои созанда, фарҳанги зинда, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии ҳамзабонон гардад.

Дар ин рӯзи таърихиву фархунда ба ҳамаи иштирокдорони ҷаласа, ҳамватанони бурунмарзӣ, мардумони форсизабон, кулли мардуми Тоҷикистон ва дӯстони миллати тоҷик дар ақсои олам саломатӣ, сарбаландӣ ва дар ҷодаи хизмат ба манфиатҳои олии милливу инсонӣ барори кор орзу менамоям.

Итминон дорам, ки меҳмонони арҷманди хориҷӣ ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат натиҷаҳо ва вазифаҳои дар ин ҷаласа гузошташударо дастури амал қарор медиҳанд ва барои таҳкиму тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва иҷтимоии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Ҳар иқдоми шумо дар ин роҳи пуршараф барои Тоҷикистон арзишманд аст ва давлати мо онро ҳамеша бо эҳтиром ва қадршиносӣ истиқбол хоҳад кард.

Бигзор, нури истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ дар қалби ҳар як фарзанди Тоҷикистон фурӯзон бошад!

Бигзор, забони тоҷикии форсӣ, адабиёти оламшумули тоҷику форс ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ барои мо ҳамеша сарчашмаи ваҳдат ва худогоҳии миллӣ бошад!

Бо чунин ниятҳои нек ба кори ҷаласаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» ҳусни оғоз бахшида, ба ҳамаи шумо - меҳмонони арҷманд ва иштирокдорони ҳамоиш - барору комёбӣ орзу менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 07, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 07, 2026 at 12:27 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]