President of the Republic of Tajikistan

01/12/2026 | Press release | Distributed by Public on 01/12/2026 01:00

Таъиноти кадрӣ

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар аз ҳисоби кадрҳои варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on January 12, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on January 12, 2026 at 07:00 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]