04/21/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/21/2026 08:41
21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо аз ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Дар арсаи фарҳангиву башарӣ суҳбат атрофи тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф сурат гирифт.
Дар самти амният сарони давлатҳо ба маъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд.
Дар баробари ин, суҳбат фарогири масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин замина мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки пагоҳ дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд, сурат гирифт.