President of the Republic of Tajikistan

09/04/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/04/2026 09:32

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд.

Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои даргир ва ноороми кишвар ба ҳисоб мерафт, он солҳо хисороти ҷиддии моддиву маънавӣ дид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар вазъияти баамаломада Ҳукумати кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати ҳифзи амнияти ҷомеа, бехатарии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо шароити зиндагии орому осоишта таъмин кардани аҳолии вилоят чораҳои бетаъхир андешид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мураккаби баркарорсозиву созандагӣ саҳми мардуми бонангу номус ва қавииродаи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати тадбирҳои саривақтии аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар амалигардида, талошҳои хастагинопазири мардуми заҳматқарин ва саҳми соҳибкорони ватандӯст имрӯз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар дар радифи зеботарин минтақаҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Аз фурсати муносиб истифода карда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланду соҳибмаърифат ва соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланди вилоят ва шаҳри Бохтар миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳама дастоварду пешрафтҳои мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои давлатдории навинамон талоши аз ин ҳам бештар намоем, фарзандонамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва заҳмати софдилонаву содиқона тарбия намоем.

Ба ҷавонони саодатманди кишвар муроҷиат карда, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки чавонони даврони истиқлол, ки парчамбардор ва меросбарони тамаддуни ориёӣ ва гузаштагони бофарҳангу соҳибмаърифати миллати тоҷик мебошанд, бояд хуб донанд, ки ояндаи дурахшони ин миллату давлат маҳз ба кӯшишу ғайрат, иродаву матонат ва заҳмати бунёдгаронаи онҳо вобаста мебошад.

"Ман ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, ҷасорату ирода ва садоқату заҳматдӯстии сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри бостонии Бохтар бовар дорам", - таъкид доштанд дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 10 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаи фарҳангии театрикунонидашуда ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу ҷалоли хос доир гардид.

Дар он суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат, ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар, нақши Пешвои миллат дар давлатдории навини Тоҷикистон ва комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ садо доданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 8 ҳазору 360 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар вилояти Хатлон давоми панҷ соли охир сокинони заҳматқарини вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватан ва ҳаёти босаодат раҳнамун сохт.

Имрӯзҳо саодату сафои Истиқлоли давлатӣ равшангари дилҳои мардуми кишвар ва тараннумгари ҳамдиливу иттиҳод аст.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор гомҳои қавӣ бардошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод.

Шодию сурур ва нишоти сокинони саодатманди вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандозӣ дорад. Онҳо бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷодаи обод намудани ҳар гӯшаи Ватани маҳбуб бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Суруду таронаҳои дилангези ватандӯстона дар фазои сафобахшу дилкушои Ватан танинандозӣ намуда, қалбу дилҳои сокинони вилоятро моломоли ифтихору сарафрозӣ мегардонад.

Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ аз бахшҳои гуногуни композитсионию адабӣ иборат буда, дастовардҳои назаррас, тадбирҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати аҳлонаи сокинони бонангу қавииродаи вилояти Хатлонро ифода менамояд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 04, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 04, 2026 at 15:32 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]