12/25/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/25/2025 01:38
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо бинои нав дар ҳамин ҷо ба маъюбону ниёзмандон, кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хизматчиён ва дигар сохторҳои гуногуни давлатӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Дар хонаҳои истиқоматии барҳаво, ки мутобиқ ба талаботи муосир сохта шудаанд, тамоми ҷиҳоз ва ашёи зарурӣ барои зист фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ин соҳибкорро намунаи олии ватандӯстӣ ва шоистаи таҳсин дар кишвар маънидод карданд. Зимнан онҳое, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти худро ба ин ғамхориву ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар баён намуданд.
Ин бино дар давоми зиёда аз ду сол бо ҷалби 40 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ошёнаҳои 1 ва 2 барои маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шуда, дар онҳо 20 кас соҳиби кор мешаванд.