01/01/2026 | Press release | Distributed by Public on 12/31/2025 23:05
Дар ҷаҳони имрӯз, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технология, зеҳни сунъӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёт хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ, рушди малака ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст.
Асри ҷорӣ - асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин - замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврасу ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи фарҳангу санъати миллӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Фарҳангу санъат василаи асосии муаррифии ҳамаҷонибаи симои барҷастаи миллат ва заминаи воқеии тарбияи зебоипарастии ҷомеа маҳсуб меёбад. Миллати мо дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангӣ шинохта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» низ идомаи ҳамин тадбирандешиҳо мебошад.
Ин озмун соли ҳаштум аст, ки зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомии инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик баргузор карда мешавад.
Дар соли 2026 маблағи умумии ҷоизаҳо ва баргузории ин озмун 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмуни мазкур 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, 580 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, ғолибони шоҳҷоиза 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Ба ду қисм ҷудо намудани жанри академии номинатсияи навозандагӣ тағйироти дигар дар озмун мебошад, ки довталабон метавонанд ҳунару истеъдоди худро дар навозиши созҳои миллӣ ва созҳои аврупоӣ нишон диҳанд. Вобаста ба тағйироти зикргардида дар соли 2026 шумораи ғолибон 143 касро ташкил хоҳад дод.
Бо мақсади суръат бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, тақвият додани таъсири донишҳои илмӣ ба рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар, баланд бардоштани самаранокии донишҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 6 сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.
Соли 2026 низ озмуни мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо мақсади таҳкими тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасии боз ҳам бештар пайдо кардан ба техникаву технологияҳои муосир, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, рушди рақамикунонӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани озмун ва таъмин намудани шаффофият дар раванди баргузории он ба Низомномаи озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, портали ҷумҳуриявии озмун таҳия гардида, тамоми раванди баргузорӣ, маълумоти иштирокчиёну ғолибон ва саволгузорӣ аз ҷониби аъзои ҳакамон тавассути он сурат мегирад.
Ҳамчунин, санҷиши дониши иштирокчиёни даври чоруми озмун аввалан ба воситаи Маркази миллии тестӣ ва баъдан дар назди ҳайати ҳакамон сурат гирифта, василаҳои муайян намудани ғолибон тақвият бахшида шуданд.
Бо назардошти тағйироти воридгардида маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 870 000 (нуҳ миллиону ҳаштсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани ин озмун 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2025 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисиву техникӣ замина гардидааст.
Мавриди зикри хос аст, ки чун солҳои қаблӣ, соли 2026 низ таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии ҷомеа баргузор карда мешавад.
Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён соли 2026 ба Низомномаи озмун тағйирот ворид гардида, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ аз 2 гурӯҳ ба 3 гурӯҳи синнусолӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамин тавр, соли ҷорӣ озмун дар байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ баргузор мегардад.
Бо дарназардошти тағйироти воридгардида маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 8 290 000 (ҳашт миллиону дусаду навад ҳазор) сомониро ташкил мекунад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардида буд, 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, барои баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2026 дар маҷмуъ 26 миллиону 420 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Баргузории озмунҳои мазкур ҳамчун идомаи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаландӣ ва талошу кӯшиши бештари ҷомеаро дар роҳи илмомӯзӣ, аз бар кардани осори мондагори фарзандони фарзонаи миллат ва рушди фарҳангу санъати миллию ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад ва ҳазорон кас аз наврасону ҷавонон бо илму дониш ва истеъдоди худ ғолиб гардида, насли шоистаи Ватан будани худро нишон медиҳанд.