04/03/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/03/2026 07:41
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмон ва омодасозии иншооти муҳими фарҳангӣ - Театри миллӣ шинос шуданд.
Зимни боздид роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони масъул ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ороишу омодасозии даруни бино ва бастубанди техникаю таҷҳизот дар толорҳои театр идома дорад.
Зикр гардид, ки дар бунёду таҷҳизонидани бинои Театри миллӣ, ки яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз беҳтарин маводи сохтмону ороиш ва техникаю таҷҳизот истифода мешавад.
Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои гулдасти тоҷик барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расондани корҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Тавре таъкид гардид, Театри миллӣ, ки аз ҷузъҳои муҳимтарини ансамбли биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ба мисли Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, боғҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва майдони Дӯстӣ бо пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, бо пурра омода гаштанаш ба пойтахти кишвари азизамон ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Дар баробари ин, Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.