03/27/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/26/2026 14:10
26 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии "Узбекистон" дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ"-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ идомаи мантиқии анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ"-ро метавон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар маънидод намуд.
Консерти тантанавии "Шоми дӯстӣ" бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.