08/31/2026 | Press release | Distributed by Public on 08/30/2026 22:23
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ!
Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.
Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, кӯдаконеро, ки имсол бо шодиву сурур бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, шодбош мегӯям ва ба онҳо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Хотирнишон месозам, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи комили кишварамон мо барои муҳайё кардани шароити беҳтарини таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои азимро ба сомон расонида истодаем.
Ифтитоҳи бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки ҳоло мову шумо дар он қарор дорем, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад.
Муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои таълиму тарбия барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оғоз менамояд.
Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Як падидаи хеле хушоянди замони соҳибистиқлолии кишвар дар он аст, ки дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондаанд, ки мо барои ҳиммати ватандӯстонаашон аз онҳо сипосгузорем.
Ҳозирини арҷманд!
Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, барои мо - мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар ба шумор меравад.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи саъю талоши пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад.
Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам иброз намоям, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.
Аҳли маориф дар давраи бағоят печидаву пурихтилофи таърихи давлати тоҷикон бори дигар собит карданд, ки ақлу хирад, илму дониш, сабру таҳаммул ва кӯшиш барои сулҳу субот ҷиҳати раҳоӣ аз ҳама гуна буҳрон нақши асосӣ мебозад ва роҳро барои ояндаи босаодат равшану ҳамвор месозад.
Ман борҳо гуфтаам ва боз ҳам таъкид менамоям, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди мардуми мо, мояи ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва шарти хушбахтиву сарбаландии кулли сокинони Тоҷикистон мебошад.
Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Миллати мо ҳанӯз аз аҳди бостон илм, маърифат ва китобро чароғи зиндагӣ, асоси давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа медонист.
Дар тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик бо қудрати хирад ва илму дониш дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Соҳиби илму дониш будан, махсусан, дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст.
Дар чунин шароит на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина, ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад.
Барои ин имрӯз дар кишвари мо тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
Зеро мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон - сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст.
Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.
Ҳозирини муҳтарам!
Маълум аст, ки нахустин давраи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия бо муассисаҳои томактабӣ алоқаманд аст.
Яъне таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ зинаи муҳимтарин барои ояндаи онҳо ба шумор меравад.
Дар робита ба ин, чанд сол қабл ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода будам, ки барои дар ҳар маҳаллаи дорои беш аз сад нафар аҳолӣ бунёд намудани кӯдакистон чораҷӯйӣ намоянд.
Ин масъалаи бисёр муҳим аст ва дар ин самт мо бояд корҳои боз ҳам бештарро анҷом диҳем.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 - 2027 тасдиқ гардидааст, ки қадами устувор дар самти зиёд намудани имкониятҳои фарогирии кӯдакон маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, дигар мақомоти дахлдор бори дигар хотиррасон месозам, ки ба масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Имкониятҳои мавҷударо бояд ба иҷрои пурраи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, барномаи зикршуда ва то 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ сафарбар намоянд.
Илова бар ин, барои таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯй ба талаботи замон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар хотир бояд дошт, ки ҳар қадар низом ва сифати тарбия дар кӯдакистонҳо баланд бошад, идомаи таҳсили фарзандони мо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамон андоза пурсамар хоҳад буд.
Ман зимни вохӯриҳо бо аҳли маориф ва дигар суханрониҳои худ батакрор иброз доштаам, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ такмили бештар мехоҳад.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор корҳои назаррас анҷом ёфтаанд.
Аз ҷумла ҷорӣ гардидани меъёрҳои ягонаи муайянкунандаи сифати таҳсилот, бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии навбунёд, тақвият додани истифодаи технологияҳои рақамӣ ва марҳала ба марҳала баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон бомаром идома доранд.
Мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.
Барои мунтазам баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷуҳ ба масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадаму самарабахши тарбия, таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав ва бо технологияҳои муосир таҷҳизонидани синфхонаву озмоишгоҳҳо хеле муҳим аст.
Бо низоми муайян баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон низ аз ҷумлаи вазифаҳои зарурӣ мебошад.
Якуми сентябри соли 2024 зимни боздид аз иншооти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ва иштирок дар Рӯзи дониш таъкид карда будам, ки ҷиҳати дар давоми ду сол пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ, адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ бояд чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки вобаста ба ин супориш як қатор тадбирҳо амалӣ карда шудаанд.
Аз ҷумла аз оғози соли 2025 то ҳол ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ 9 миллиону 215 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводди таълимӣ дастрас гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.
Барои дар соли таҳсили 2026 - 2027 бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводди таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ 40 номгӯй китоби дарсӣ аз озмун гузаштааст, ки нашри онҳо давра ба давра анҷом ёфта, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуда истодааст.
Яъне имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар самти норасоии китобҳои дарсӣ мушкилот ба назар намерасад.
Акнун зарур аст, ки мо бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати боз ҳам такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав пайваста чораҷӯйӣ намояд.
Ҳоло мехоҳам як масъалаи дигари муҳимро таъкид намоям.
Ҷорӣ намудани ҳама гуна низом, муносибат ё таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди таълим аввал бояд ба тариқи озмоиш дар муассисаҳои таълимӣ ҳаматарафа санҷида шуда, ба шароит ва ҳадафҳои стратегии рушди маорифи Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мутобиқ гардонида, баъд аз он мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар робита ба ин, мо бояд пеш аз ҳама, ба рушди корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар самти илмҳои педагогиву равоншиносӣ ва ҷалби олимону омӯзгороне, ки дар ин ҷода таҷрибаи пешқадам доранд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Ба ин мақсад зарур аст, ки фаъолияти илмиву таҳқиқотии Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олие, ки равияи омӯзгорӣ доранд, дар самти таҳия ва пешниҳоди роҳу усул ва технологияҳои инноватсионии таълими фанҳо, дар навбати аввал фанҳои табиатшиносиву риёзӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тақвият бахшида шавад.
Дар ин раванд, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бояд ҷиҳати аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони фанҳои табиатшиносиву риёзӣ ва баргузории машғулиятҳои амаливу озмоишгоҳӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
То ба имрӯз мо дар самти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ корҳои зиёдеро анҷом додаем.
Ҳоло зарурате ба миён омадааст, ки дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.
Зеро зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда гардидааст.
Коршиносону таҳлилгарони мустақили созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ дар гузоришҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ диққати хонандагонро парешон карда, ба таҳсили онҳо халал мерасонанд.
Аллакай, як қатор давлатҳои мутараққӣ истифодаи телефонҳоро барои хонандагони синни то 16-сола дар шаклҳои гуногун манъ кардаанд.
Бояд гуфт, ки ҳама гуна иттилоот хусусияти синнусолӣ дорад.
Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, аллакай, таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтаанд.
Истифодаи бемеъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст.
Хонандагон ба ҷои он, ки китоб хонанд, малакаҳои худро ташаккул диҳанд ё ба варзиш машғул шаванд, соатҳои зиёдро дар фазои маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд.
Фаромӯш набояд кард, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем, ки нисбат ба масъалаи солимии онҳо, яъне ояндаи миллат бетараф бошем.
Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати се моҳ масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда, вобаста ба роҳҳои ҳалли он ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
Онҳо бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо ғояҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Бо дарназардошти чунин воқеият, бояд роҳҳои мустаҳкам намудани масунияти иттилоотии наврасону ҷавонон дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии онҳо дарёфт карда шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо барои дастгирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ як қатор имтиёзҳо муайян кардаем.
Яке аз онҳо, ки қариб сӣ сол инҷониб, яъне аз соли 1997 амал мекунад, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ мебошад.
Мақсади асосии квотаи президентӣ дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани чунин минтақаҳо мебошад.
Дар ин муддат аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 29 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун муваффақона кору фаъолият карда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат табдил ёфтааст.
Зеро пешрафти саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзии муосир, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ бе кадрҳои соҳибкасбу соҳибҳунар ғайриимкон мебошад.
Бо дарназардошти ҳамин зарурат ва бо мақсади ташаккули низоми муосири касбомӯзӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсиси ин сохтор имкон фароҳам овард, ки таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун низоми мустақили давлатӣ бо сиёсати ягона, стандартҳои муосир, механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, робитаи мустақим бо бозори меҳнат ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ рушд намояд.
Дар ин муддат шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 230 ба 730 номгӯй расонида шуд.
Аз ҷумла дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз рӯйи 10 самт ва 400 ихтисос кадрҳои коргарӣ ва мутахассисон омода карда мешаванд.
Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳанд, ки низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадриҷан ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардида, барои соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ кадрҳои зарурӣ омода менамояд.
Ҳоло дар кишвар 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 28 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла қариб 8 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд.
Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 106 ҳазору 500 нафар расида, нисбат ба соли таҳсили 2020 - 2021-ум 13 ҳазор нафар ва нисбат ба соли таҳсили гузашта 9 ҳазор нафар зиёд гардидааст.
Қабули «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2029» оғози марҳалаи нави ислоҳоти соҳа мебошад.
Тибқи нақшаи амалисозии барномаи мазкур, солҳои 2026 - 2029 таъмиру барқарорсозии биноҳои 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 43 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд.
Аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълими амалӣ, муҷаҳҳазсозии пурраи устохонаҳо ва озмоишгоҳҳо, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсии тахассусӣ, ҷалби омӯзгорон ва устоҳои соҳибтаҷриба, тақвияти робита бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор вазифаҳои асосии марҳалаи минбаъда мебошанд.
Дар робита ба ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки барои рафъи масъалаҳои ҳалталаб тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, ба падару модарон, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён таъкид месозам, ки ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ бояд ба кори ҳамарӯза ва вазифаи умумимиллӣ табдил дода шавад.
Ҳар як инсон бояд дарк намояд, ки касбу ҳунар доштан соҳиби сарвати бебаҳо будан аст.
Шахси соҳибкасб дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунад, мустақил мешавад, ба оилааш кумак мерасонад, ба ҷомеа нафъ меоварад ва дар пешрафти давлат саҳм мегузорад.
Бинобар ин, ҷавонони азизро даъват менамоям, ки вақтро ғанимат донанд, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намоянд, забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи баланд омӯзанд ва худро барои зиндагии шоиста ва ояндаи ободи Тоҷикистон омода созанд.
Миллате, ки ҷавононаш дониш меомӯзанд, касбу ҳунар аз худ мекунанд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузоранд ва ҳастии худро бо сарнавишти Ватан пайванд медиҳанд, дар роҳи пешрафт, созандагӣ ва устувории давлати худ қадамҳои боэътимод мегузорад.
Давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нақши шоиста доранд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.
Заминаҳои моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мунтазам беҳтар шуда истодаанд.
Дар баробари ин, дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат дар самтҳои сифати таҳсилот, таъминот бо устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои унвони илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, фаъолияти паркҳои технологӣ, такмили ихтисоси устодон ва ташкили озмоишгоҳҳои муосир то ҳол баъзе мушкилиҳо ҷой доранд, ки бояд бартараф карда шаванд.
Дар ин раванд, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.
Тибқи маълумот дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо аксари фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст.
Масъалаи дигаре, ки дар шароити имрӯза хеле муҳим гардидааст, интихоби касби ояндаи ҷавонон мебошад.
Инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳои худро амалӣ карда наметавонад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад.
Аксари ҷавонон мехоҳанд, ки ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос.
Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас сурат мегирад.
Дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳанӯз аз зинаи томактабӣ ва баъдан дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба масъалаи муайян кардани қобилият, истеъдод ва лаёқати наврасон диққати махсус медиҳанд, то дар зинаҳои навбатии таҳсилот ба рушди онҳо сармоягузорӣ намоянд ва пешрафти наврасону ҷавононро ба самти дуруст равона созанд.
Мо хуб медонем, ки ҳамаи падару модарон орзу доранд, ки фарзандонашон роҳи дурустро интихоб намоянд ва дар оянда хушбахт шаванд.
Аммо онҳо баъзан намедонанд, ки ин амалро чӣ гуна анҷом диҳанд.
Бахусус, агар воқеияти замон ба инобат гирифта нашавад.
Масалан, имрӯзҳо мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва монанди инҳо дар бозори меҳнат талабгори зиёд доранд.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот супориш дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Дар баробари ин, мо бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Зеро рафтору гуфтори шоиста ифодагари сатҳи тарбия ва симои маънавии шахс мебошад.
Ҳар як инсон дар ҷомеа, пеш аз ҳама, ба шарофати хислатҳои хуб ва ахлоқу одоби ҳамидааш соҳиби эҳтирому обрӯ мешавад.
Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ бояд аз оила оғоз шуда, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома ёбад.
Ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят бештар онҳое даст мезананд, ки аз тарбияи падару модар дур мондаанд, дар таҳсил фориғболӣ кардаанд, соҳиби касбу ҳунар нестанд ва дар зиндагӣ ҳадафи муайяне надоранд.
Падару модарон вазифадоранд, ки дар оила барои тарбия ва камолоти фарзанд муҳити солим фароҳам оваранд.
Омӯзгорон вазифадоранд, ки дар қалби хонанда эҳтиром ба Ватан, қонун, падару модар, арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро парвариш диҳанд.
Таъкид менамоям, ки дар кори ниҳоят муҳимму ояндасози таълиму тарбия албатта, боз ҳам омӯзгорон масъулияти бештар доранд, зеро онҳо неруи тавонои тарбия ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расонидани кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони пешрафт, дар навбати аввал, аз устодону омӯзгорон, яъне аҳли маориф вобаста мебошад.
Онҳо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки табобати беморон, яъне саломатии мардум, бунёди ҳама гуна иншоот, яъне ободии Ватан, таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии давлат, яъне зиндагии шоистаи ҳар як оилаи кишвар ва дар маҷмуъ, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз фаъолияти мутахассисоне вобаста мебошад, ки онҳоро соҳаи маориф ба камол мерасонад.
Ҳозирини арҷманд!
Мо дар марҳалаи ниҳоят мураккабу буҳронӣ ва пурихтилофу хатарбори ҷаҳони муосир зиндагӣ дорем.
Солҳои охир баъзе меъёрҳо ва принсипҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ки даҳсолаҳо ҳамчун пояи субот ва ҳамзистии осоишта эътироф мешуданд, тадриҷан беаҳаммият гардида истодаанд.
Бар асари ҷангу даргириҳо ҳазорҳо инсон қурбон гардида, миллионҳо нафар аз манзили худ маҳрум мешаванд ва хатари бесуботии фарогир ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.
Дар чунин вазъият барои ҳамаи мо, пеш аз ҳама, таҳаммулгаро будан, бо андешаву тамкин амал кардан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош намудан бағоят зарур аст.
Мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кӯшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.
Бузургтарин ҳадафи мо таъмин намудани ободиву пешрафти имрӯзу фардои Ватан, давлат ва зиндагии шоистаи мардум аст.
Дар татбиқу пайгирии ин ҳадафи наҷиб бояд тамоми сокинони мамлакат сарҷамъона амал намоянд.
Ҳар яки мо бояд арҷгузору муҳофизи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, забону таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати бостонии тоҷик бошем.
Ман аз он қаноатмандам ва ифтихор дорам, ки аҳли маорифи мамлакат, устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни мо ҳамеша дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор доранд ва ин мавқеи онҳо устувору пойдор аст.
Бовар дорам, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Бо ибрози эътимод ба ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистони маҳбубамон аҳли маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро бори дигар ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Пояндаву бегазанд бод, истиқлоли Тоҷикистони азизи мо!