President of the Republic of Tajikistan

03/29/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/29/2026 00:49

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аграрӣ дорои имкониятҳои фаровон дар соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат намояд.

Самти дигари муҳими фаъолияти ин марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи фаъолияти марказ имконияти таҳия ва татбиқи низомҳои электронии бақайдгирии беморон, кортҳои электронии тиббӣ ва платформаҳои рақамии идоракунии маълумоти тиббӣ фароҳам оварда мешавад.

Татбиқи низомҳои муосири пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва платформаҳои қарздиҳии онлайн метавонад шаффофият ва бехатарии амалиёти молиявиро таъмин намуда, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва «сабз» мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супориданд. Ин иқдоми нек дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи ғамхорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 29, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 29, 2026 at 06:49 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]