President of the Republic of Tajikistan

06/05/2026 | Press release | Distributed by Public on 06/05/2026 06:53

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Шумо ва мардуми дӯсти Қирғизистонро ба муносибати рӯйдоди муҳим - интихоб шудани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027-2028 самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди муҳимро ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои тамоми минтақа ҳамчун боз як далели нуфузи баланди кишвар ва эътирофи сиёсати созандаю дурбинонаи хориҷии Шумо дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоям.

Бовар дорам, ки фаъолияти созандаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин ниҳоди калидии Созмони Милали Муттаҳид ба талошҳои муштараки мо ҷиҳати таҳкими суботу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ такони иловагӣ хоҳад бахшид.

Ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатӣ, инчунин ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳ, пешрафти босуръат ва иҷрои муваффақонаи рисолати муҳиму масъулиятнок - узвияти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро хоҳонам».

President of the Republic of Tajikistan published this content on June 05, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on June 05, 2026 at 12:53 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]