President of the Republic of Tajikistan

04/11/2026 | Press release | Distributed by Public on 04/11/2026 00:36

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам

11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик намоям.

Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад. Бовар дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Вйетнами дӯст дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.

Тоҷикистону Вйетнамро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд.

Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем.

Омодагии инҷонибро ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ изҳор менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии пойдор орзумандам».

President of the Republic of Tajikistan published this content on April 11, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on April 11, 2026 at 06:36 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]