President of the Republic of Tajikistan

03/21/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/20/2026 22:05

Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии инқонибро ба муносибати ҷашни Наврӯз, ки фасли баҳор ва бозсозиро таҷассум менамояд, бипазиред.

Бовар дорам, ки муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд ҳам бемайлон рушд хоҳанд кард. Ин раванд, бешак, ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони ба ҳам дӯсти мо буда, омили муҳими таҳкими амнияту суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

Дар ин рӯзи идонаи фараҳбахш ба Шумо саломатии комил ва комёбиҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон хайрият ва шукуфоӣ мехоҳам».

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия

******

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба Шумо барои номаи табрикиатон ба муносибати Соли нави чинӣ бо тақвими қамарӣ сидқан изҳори сипос менамоям. Дар арафаи ҷашни суннатии Тоҷикистон - иди Навруз иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти идонаи инҷонибро иброз намоям.

Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳам. Соли гузашта мо бо Шумо ду мулоқот доир карда, ҷиҳати амиқ гардонидани ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо ба мувофиқаҳои муҳим расидем, робитаҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистонро дар даврони нав ба марҳилаи нави рушд расонидем.

Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ, мусоидат ба ҳамкории фарогир, пешбурди раванди бунёди амиқ ва сермазмуни ҷомеаи муштараки инсонияти Чину Тоҷикистон тамоми талошҳоро равона намоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам».

Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо камоли хушҳолӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати иди Наврӯзи бостонӣ ва абадзинда - рамзи эҳёи баҳорӣ ва азнавсозӣ иброз менамоям.

Мардумони ба ҳам дӯсти мо дар тӯли асрҳо бо тантанаи хос ва хушҳолии бузург ин иди саид ва муборакро пешвоз гирифта, ҷиҳати татбиқи орзӯву ниятҳои шариф, нақшаҳо ва ҳадафҳои нек якҷо саъю кӯшиш ба харҷ медоданд.

Мо аз он воқеият беандоза хушҳол ҳастем, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар пояи усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ризоият ва эҳтироми ҳамдигарӣ бунёд ёфтаанд, тайи солҳои охир бемайлон рушд карда истодаанд.

Итминони комил дорам, ки муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик имкон медиҳад, то ҳамкории судманд ва дарозмуддати мо ба хотири хайрияти умумии мардумони мо марҳилаи сифатан навро касб намояд.

Бо истифода аз фурсат, дар ин рӯзҳои идона ва файзбор ба Шумо саломатии қавӣ, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш ва пешрафти устувор орзу менамоям».

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯям.

Ин иди саид ва фараҳбахш рамзи эҳёи баҳории табиат, сулҳу ризоият ва некуаҳволӣ мебошад.

Итминон дорам, ки ҳамкории миёни кишварҳои мо дар ҳамаи сатҳҳо, ки бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дӯстӣ бунёд ёфтааст, минбаъд ҳам ба нафъи ояндаи дурахшони мардумони мо таҳким хоҳад ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати иди Наврӯз лутфан табрикот ва таманниёти самимонаи инҷонибро унвонии Шумо ва ҳамватанонатон бипазиред.

Ин иди баҳорро мардумони мо бо иззату эҳтироми хосса ва умеду ормонҳои бузург пешвоз мегиранд. Ин ид, ки навсозӣ ва созандагиро таҷассум менамояд, рамзи шукуфоиву фаровонӣ буда, арзишҳои волои инсониро ёдрас мекунад. Бигзор ин иди фархундапай ба мардумони ба ҳам наздики мо гармиву самимияти худро ато карда, барои мо хушҳоливу некуаҳволӣ биёрад.

Бовар дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистону Тоҷикистон, ки бар асоси дӯстии мустаҳкам ва дастгирии ҳамдигарӣ роҳандозӣ гардидаанд, минбаъд ҳам ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи иқдомҳоятон ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон комгорӣ ва ба мардуми бародари тоҷик баракоту пешрафт орзу менамоям.

Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон ризқи фаровон биёрад»!

Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.

Ҷашни Наврӯз, ки сулҳу ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамбастагӣ ва ҳаёти ҳамоҳанг бо табиатро таҷассум менамояд, муждарасони рӯзи нав ва оғози нав мебошад. Ин иди саид, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси ғании фарҳангии инсоният эътироф гардидааст, ғояҳои олии инсондӯстиро дар бар гирифта, барои таҳкими дӯстӣ ва ваҳдат миёни мардумон аҳаммияти хосса дорад.

Бигзор ин ҷашни фархунда барои Шумо ва тамоми мардуми кишваратон баёнгари саодатмандӣ, хушҳолӣ ва комёбиҳои навин бошад! Ба Шумо сиҳатмандии комилу хайрият ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда орзу дорам».

Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.

Навруз дар худ таҳкими дилбастагӣ ба ҳаёт ва эътиқодро ба ояндаи беҳтар таҷассум менамояд. Ин ҷашн дар тӯли асрҳо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардумон мусоидат менамояд.

Бигзор ин иди саид барои Шумо ва тамоми мардуми кишваратон баёнгари сулҳу хушҳолӣ ва иқдомҳои навин бошад! Ба Шумо сиҳатмандии комилу хайрият ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда орзу дорам».

Гурбонгули Бердимуҳамедов, Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати иди Наврӯз, ки ёдгории аҷдодони бузурги мост, аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон шахсан Шуморо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо камоли хушнудӣ табрик мегӯям.

Умедворам, ки ин иди миллӣ, ки аз фарорасии баҳор мужда медиҳад, ифодаи муҳаббат ба табиат, ҷашни покии маънавӣ ва навсозӣ буда, ба мардуми бародари мо шукуфоӣ, хушбахтӣ ва ризқу рӯзии фаровон меорад.

Mутмаинам, ки мо кӯшишҳои муштараки худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳоамон бо Тоҷикистон, ки моро таърих ва фарҳанги муштарак мепайвандад, ба хотири манфиатҳои давлатҳоямон ва мардумонамон идома хоҳем дод.

Дар ин рӯзҳои идона ба Шумо сиҳати устувор, хушбахтӣ ва дар кори масъулиятнок ва пуршарафатон барои фаровонии Ҷумҳурии бародари Тоҷикистон ва мардуми он комёбиҳои пайваста таманно дорам».

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

*****

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ шарафмандам табрикоти самимии хешро ба муносибати ҷашнҳои пуршукӯҳи Наврӯз ва Иди саиди Фитр ба Шумо Ҷаноби Олӣ, оилаи муҳтарами Шумо ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям.

Наврӯз ва Иди саиди Фитр арзишҳои умумибашарии сулҳ, ризоият, ҳамбастагӣ ва шукргузориро таҷассум менамоянд. Ин рӯйдодҳои шодмон имконият фароҳам меоранд, ки ӯҳдадории муштараки моро ба ҳамоҳангӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ байни мардумон боз ҳам таҷдид намоем.

Бо ёдоварии самимӣ аз вохӯрӣ бо Шумо Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Пекин дар моҳи сентябри соли гузашта ва инчунин, ҳангоми сафари расмии худ ба кишвари бузурги Шумо дар моҳи майи 2025 сол, бо эҳсоси зиёди шодмонӣ, интизори истиқболи Шумо дар аввали моҳҳои оянда дар Покистон ҳастам.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва некӯаҳволии минбаъда, инчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед».

Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

*****

«Бародари азиз,

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худо ҳифзашон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳниат гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешрафт ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.

Дуруд ва қадрдонии маро лутфан бипазиред».

Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ

*****

«Ҷаноби Олӣ, Бародари гиромӣ,

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои

Худо ҳифзашон кунад.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ,

Бо камоли хушнудӣ, ба муносибати ҷашни Наврӯз, ба Шумо самимонатарин табрикоти қалбии худро ирсол менамоем. Аз Худованди мутаъол бароятон сиҳатӣ, саодат ва комёбӣ таманно дорем.

Ҳамчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон ва Ҳукумати хирадманди он орзуманди пешрафт ва шукуфоии беш аз пеш ҳастем. Умед дорем, ки муносибатҳои дуҷонибаи мустаҳкаме, ки бо он ифтихор дорем, боз ҳам бештар рушд ва тавсеа хоҳанд ёфт.

Лутфан, бародари гиромӣ, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимонаи моро қабул фармоед».

Маҳмуд Аббос, Президенти Давлати Фаластин, Раиси Кумитаи иҷроияи Созмони озодии Фаластин

*****

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати Наврӯз, иди ифодагари фарорасии Баҳор ва рамзи саъю кӯшиш баҳри сулҳ сидқан табрик мегӯям.

Мо нақши назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таҳкими амнияти минтақавӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар рушди пайвастаи Созмон ва таҳкими робитаҳои ҳампаймонӣ дар доираи он баланд қадр мекунем.

Иҷозат фармоед, ки дар ин рӯзи идонаи баҳорӣ ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил ва хайрият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу намоям».

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиков

*****

Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 21, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 21, 2026 at 04:05 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]