President of the Republic of Tajikistan

03/04/2026 | Press release | Distributed by Public on 03/04/2026 00:29

Мулоқот бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригулӣ Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо аҳамияти идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид карданд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.

President of the Republic of Tajikistan published this content on March 04, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on March 04, 2026 at 06:29 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]