President of the Republic of Tajikistan

05/25/2026 | Press release | Distributed by Public on 05/24/2026 23:29

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Мартин Чунгонг

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" хайра мақдам гуфта, аз робитаҳои фаъоли Иттиҳоди байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон дар масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори қадрдонӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ имрӯз ҳамчун як василаи муассир барои пешбурди ташаббусҳои сулҳомез ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад.

Зимнан нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун василаи муҳим барои тақвияти муносибатҳои миёни кишварҳо дар масъалаҳои шаффофият, устувории усулҳои демократия, таъмини рушди устувор ва дигар меъёрҳо таъкид гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои ҷаҳони имрӯза сурат гирифт.

President of the Republic of Tajikistan published this content on May 25, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on May 25, 2026 at 05:29 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]