President of the Republic of Tajikistan

12/16/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/15/2025 22:36

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”

16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд.

Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доранд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on December 16, 2025, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on December 16, 2025 at 04:36 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]