President of the Republic of Tajikistan

08/26/2026 | Press release | Distributed by Public on 08/26/2026 08:14

Ифтитоҳи фосилавии 10 иншооти нав дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи кӯдакистони Орзу ба таври фосилавӣ 10 иншооти нави иҷтимоӣ ва хизатрасонӣ, аз ҷумла 16 километр роҳи деҳаи Сафедобро ифтитоҳ намуданд.

Маҷмуи иншооти навсохтро роҳу пул, иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва варзишӣ ташкил медиҳад, ки ҳамаи он аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони ватандусти ноҳияи Данғара бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд шудааст.

Дар ҳамин ҷо нахуст ба Роҳбари давлат роҳи 16 километраи деҳаи Сафедоб ва роҳҳои асфалтпуши деҳаҳои Остона, Сафоруд, Ғиҷовак, Хуррамзамин, Рахшонзамин, Калкот, Раҳмониён, маҳаллаи 15, шаҳраки Данғара ва пули навсохти деҳаи Сафедоб муаррифӣ шуд.

Дар маҷмуъ дар рӯзи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорони ноҳияи Данғара 55 километр роҳҳҳои марказӣ ва деҳаҳои дурдаст мавриди истифода қарор дода шуд ва барои таъмини шароити созгори мардум имконоти мусоиди хизматрасонӣ фароҳам гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ то охири ҳамин сол ба 100 километр расонда мешавад. Ин ҳама, бо саҳми соҳибкорон ва шахсони ватандусти ноҳия анҷом дода хоҳад шуд.

Бо бунёди 16 километр роҳи дохилии деҳаи Сафедор мушкилоти чандинсолаи сокинон бартараф ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардонида шуд.

Бо амалӣ сохтани тадбирҳои созанда роҳҳои деҳаи Талхоби деҳоти Сафобахш аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо ба масофаи зиёда аз 1 километр пурра мумфарш гардид ва ду шафати он бо истифода аз панелҳои офтобӣ пурра ҷароғон гардид.

Амалисозии тадбирҳои созандаи соҳибкорони ноҳияи Данғара беҳбудиро дар рафтуомади мусофирон ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фароҳам сохт.

Иншооти дигари иҷтимоӣ, ки дар ин ҷо ба таври фосилавӣ ба Роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд, ифтитоҳи 5 хонаи истиқоматӣ барои омузгорон, марказҳои хизматрасонӣ, қасри фарҳанг, хатти оби нӯшокӣ барои 531 хоҷагӣ бо обанбори ғунҷоишаш 2500 метри мукааб об, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 барои 540 хонанда дар ду баст ва ду майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сафедоб буд.

Дар деҳаи мазкур барои ҷалби омӯзгорони ҷавон ба тарбияи насли наврас аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Боборауф бинои дуошёна сохта шуд, ки дар он 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон ва 4 нуқтаи нави савдо ҷойгир аст. Бо ба истифода додани иншооти нав 10 сокини деҳа бо кор таъмин шуданд.

Сокинон ва соҳибкорони деҳаи Сафедоб ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ ба масъалаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рушди инфрасохтори деҳот, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва бунёди синфхонаҳо ва муҷаҳазсозии онҳо бо таҷҳизоту технологияи муосир тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда, натиҷаҳоро афзун мегардонанд.

Дар ҳамин рӯз варзишгоҳи нав барои машғул шудани ҷавонон ба бозии футбол ва дарёфти бозингарони соҳибистеъдод мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот бо саҳми сокини деҳаи Сафедор Ҷамшед Рауфзода дар пайравӣ ба иқдомҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ сохта шудааст, ки минбаъд сокинон, хоса ҷавонони деҳа, метавонанд вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф кунанд.

Дар ҳамин ҷо ба хотири ташрифи Пешвои миллат аз ҷониби 70 хоҷагии деҳқонии деҳаи Сафедор намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шуд.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ натиҷа аз заҳмати софдилона бо замин ва фаъолияти самарабахши деҳқонон аст.

Кооперативи тиҷоратии Боборауф яке аз хоҷагиҳои фаъол дар деҳаи Сафедор ба ҳисоб рафта, саҳмдоронаш бо заҳмати софдилона, дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гушту шир саҳми арзанда мегузоранд.

Кооперативи тиҷоратии Боборауф серсоҳа буда, ҳамасола аз 254 гектар замини корам, ҳосили хуб ба даст меоранд ва аз ҳисоби даромади хоҷагӣ дар ободии зодгоҳашон, деҳаи Сафедор саҳми арзанда мегузоранд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on August 26, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on August 26, 2026 at 14:14 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]