President of the Republic of Tajikistan

08/25/2026 | Press release | Distributed by Public on 08/25/2026 07:44

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст.

Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 2 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар намуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ гардида, татбиқи онҳо самарабахш ба роҳ монда шавад.

Сипас, Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардид.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд.

Инчунин дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи сиёсати аграрӣ ва дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Нақшаи амали Барномаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 низ баррасӣ ва қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар саросари кишвар ба таври бошукуҳу шаҳомат таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ вазифагузорӣ намуданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on August 25, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on August 25, 2026 at 13:44 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]