President of the Republic of Tajikistan

12/22/2025 | Press release | Distributed by Public on 12/22/2025 06:02

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федаратсияи Русия вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Раёсати босамари Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли равон таъкид гардид.

President of the Republic of Tajikistan published this content on December 22, 2025, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on December 22, 2025 at 12:03 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]