President of the Republic of Tajikistan

09/02/2026 | Press release | Distributed by Public on 09/01/2026 23:09

Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст.

Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд.

Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад.

Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.

Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд.

Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

President of the Republic of Tajikistan published this content on September 02, 2026, and is solely responsible for the information contained herein. Distributed via Public Technologies (PUBT), unedited and unaltered, on September 02, 2026 at 05:10 UTC. If you believe the information included in the content is inaccurate or outdated and requires editing or removal, please contact us at [email protected]